5 Июл 2023 - 18:14
Таъкиди Амриабдуллоҳиён бар лузуми муқобилаи ҷидди ва муассири Аврупо бо анвоъи мухталифи исломҳароси

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бар лузуми муқобилаи ҷидди ва муассир Аврупо бо анвоъи исломҳароси таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар гуфтугуи телефонии Хосеп Боррел ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён охирин таҳавулоти байналмилалӣ, минтақаӣ ва муносиботи Аврупо ва Эрон мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Амирабдуллоҳиён зимни таъкид бар лузуми муқобилаи ҷидди ва муассири Аврупо бо анвоъи исломҳароси, иҳонати суратгирифта дар Шветсария нисбат ба муқадасоти исломӣ ва Қуръони Карим, ки мунҷар ба ҷариҳадор шудани эҳсосоти мусалмонон дар аксари нуқоти ҷаҳон гардидро ба шиддат маҳкум кард.

Амирабдуллоҳиён дар хусуи таҳавулоти Украина афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавора ҳомии сулҳу субот дар ҷаҳон аз ҷумла Украина буд ва дар ин чорчуб муътақид аст тавақуфи ҷанг танҳо аз тариқи ибтикороти сиёсӣ мумкин аст.

Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон ҳамчунин бо ишора ба савобиқ ва иқдомоти террористии гуруҳаки террористии мунофиқин иқдомоти ахири давлати Албания дар муқобила бо ин террористҳоро агарчи дерҳангом аммо таҷрубаи барои кишварҳои аврупоӣ ки бо ҳимояти аз онҳо амнияти мардуми худро ба хатар андохтанд донист.

Хосеп Боррел низ дар ин гуфтугу зимни истиқбол аз ҳамкориҳо ва музокирот дар ҳоли анҷом миёни Ҷумҳури Исломи Эрон ва ожонси байналмилалии энержии атмоӣ идомаи онро муфид ва мусбат арзёби кард.

Намояндаи олирутбаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури дохили ва сиёсати амниятӣ изҳор дошт: Иҳонат ба Қуръони Карим мавзеъи Иттиҳодияи Аврупо нест ва ҳаргуна иҳонат ва иқдом зидди адиён аз назари Иттиҳодияи Аврупо комилан маҳкум аст.

342/